Полина хаимова
Шоира, Исроэл

Maктaби ҳaëт
Рӯзе аз рӯзҳо бо одами нуронӣ шудам ҳамсӯҳбат,
Қоидаҳои ҳаётро фаҳмонд ба ман карда насиҳат.
Гуфт, ки бидон, се чиз меоянду тез мераванд шитобон,
Бо ақлу фаҳм, ба вақту соаташ фоида бар аз онон.
Яки он тавониш, аст ки гоҳ меояд бо хоҳиши дил,
Дуюм вақт, сеюми он сухан–аз даҳон барояд чу тил.
Се чизро гум макун, якӯмаш- виждонат нигаҳ дор тоза,
Дуюм хотири ҷамъ, сеюм умед аз ҳаёти ҳаррӯза.
Аз ҳаёт ҳам қимматгарин се чиз, яки он аст муҳаббат,
Дуюми он боварӣ, сеюмаш бидон иззату ҳурмат.
Ба ҳаёт ҳастанд чизҳои вақтинча, яки но аст давлат,
Дуюми он боигарӣ, ва сеюми он тахту шавкат.
Бидон, ки бо се чиз инсон расад ба мақсаду камол.
Якум истеъдод, дуюм рост корӣ сеюм меҳнати ҳалол.
Инсоният гардад хароб бо хусусиятҳои нобоб,
Қаҳру ҷаҳл, ҳимо баландӣ, мастӣ, созад ҳаётро хароб.
Ҳаёт ширин гузарад гар кас ба касе кунад дилбарӣ
Аз ҳамма хусусиятҳои нек, даркор аст одамгарӣ.
Эй Полина хушфеъл бош аз инсони нек гирифта ибрат
Накӯкору дилсоф бош, то, ки гӯянд бар падарат рахмат.
14.11.2021.

Зeбy зиннaти мapд
Дар миёни халқ мақоле ҳаст аз азал,
Гӯё, се чиз мардро мекунанд касал.
Пойафзоли танг аст якӯми он ғурбат,
Тозон мехари ковуши дигар албат.
Дуюми он муаммо аст боми чаккиш,
Сеюмаш, касе набинад, зани чаққиш.
Ба пулат ёби давои чаккиши бом,
Тағораи таги чаккиш ин кори хом.
Боматро тӯғри кунӣ, як муаммо кам,
Устокорро биёр, ки шавад мустаҳкам.
Камтар мушкилӣ дорад сеюм муаммо,
Сад афсӯс, ки зани чаққиш ҳаст байни мо.
Нози занро бардорад ҳар марди майдон,
Занашро гул созад, шуда худаш боғбон.
Забони нек морро барорад аз хона,
Оввоз набарор, гапро карда баҳона.
Зану мард доим як бутуну як одам,
Боз як зарбулмасале омад ба ёдам,
«Зебу зиннати мард, зану дандон бувад,
Ки бе зану дандон, ҳаёт зиндон бувад.»
Даҳонатон абад пури дандон бошад,
Ҳам лабонатон ҳамеша хандон бошад.
Яккагиро набинем то рӯзи охир,
Заифа Полина, шав доною зоҳир.
08.11.2022.
Бaxт чиcт?
Бахт чист гӯён, пурсед шумо агар,
Ин–насиба, рисқ ё қисмат магар?
Тимсоли ҳақиқати афсона,
Инсон бод сафед бахти замона.
Сиҳат саломатӣ–тани алмос,
Гарчанде бошад куртаат карвос.
Одамгаринок бошад гар инсон,
Бахт ояд бо баҳори бехазон.
Даҳон занад гапи нағзу ганда,
Гапи нек кунад ба касе банда.
Бахт он, ки фарзанд туро кунад ёд,
Бо хулқи некаш туро кунад шод.
Хурсандии дӯстон ин ҳам бахт,
Ҳам гул карда мева диҳад дарахт.
Фарзанд шунавад аллаи модар,
Бахт–шунидани дуои падар.
Поят равон бод, кашида нафас,
Бо ишқи ҳаёт, орзую ҳавас.
Гар хеш бошад бо меҳру муҳаббат,
Қуввати дил шавад ба ту албат.
Аз ту табассум нашавад канда,
Лабат доим бошад пури ханда.
Бахт он, ки чашмонат нашаванд нам,
Ҳам дили шод намонад таги ғам.
Ҷома бод ба пӯшок, бо як бурда нон
Беғавғо калла хуб аст баҳри ҷон.
Ба хонаи худ тинҷ бошад душман,
Тинҷӣ барқарор шавад дар Ватан.
Вақтинча давлату молу ҳасиб,
Ба моён номи нек шавад насиб.
Ҳаёт гузарон, нест каси ҷовид,
Аз рӯи замин гум шавад COVID.
Ман Полина дорам шукри Худо,
Ё Худо аз фарзанд накун ҷудо
Хулосаи асоси–чи аст бахт?
Хотири ҷамъу боз тани сиҳат.
19.12.2021.
Қиccaи дoнoги
Намедонам ин воқеа буд ё на буд,
Дар як қишлоқ, камбағал ҳезумфурӯш буд,
Бо ҳезум чинӣ мекард рисқи ҳаррӯза,
Модараш буд бечора зани оҷиза.
Хӯрокаш буд як бурда нону як қул об,
Зани вафодораш бефарзанду хароб.
Як рӯз болои кифташ гирифта табар,
Ба дарахтзор сайре кард, гирифта хабар.
Ба як дарахти калон шуда рӯ ба рӯ,
Барои задани дарахт кард ӯ шуҷӯъ.
Бо табараш ба таги дарахт якто зад,
Як оввоз баромаду корашро кард рад.
Ногоҳ деви калон ба назар аён шуд,
Камбағал девро дида як ҷой пинҳон шуд.
Дев бо лабзи инсонӣ баровард забон,
Гуфт-”дар таги ин дарахт дорам ошиён,
Ин дарахтро набур ки, ин ҷо кони бахт,
Ба ҷои дарахт ту деҳ ба ман якто шарт.
Якто шарт деҳ, ки онро намоям иҷро,
На сих сӯзад на кабоб,ту шави ризо.
Қамбағали бечора монд ӯ таги ғам,
Якчанд муаммо дорад, якто шарт кам.
Фарзанд хоҳад гар, на пул дорад на хона,
Модараш оҷиза, чи гум гӯён ҳайрона.
Марди зиррак фикри худ чунин кард баён,
Як шарт дорам, ки фаҳм ту эй деви девон.
Шарти ман ҳамин, модарам бинад ҳоло,
Хӯрдани писарам аз қошуқи тилло.
Ҳезумкаши доно буд зирраку чаққон,
Ба ният расид, шуд сафедбахти замон.
19.06.2021.
